Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, ки бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” боздошт шудааст оғоз гашт.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Саломов ду нафари дигар нишастаанд.
Пизишки 41-солаи Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд аз моҳи сентябри соли равон ба ин тараф дар боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО-2-и Хуҷанд қарор дорад.
Ба гуфтаи вакили дифои пизишк Бахтиёр Воҳидов, Саломов бо гумони ҳамнишинӣ бо аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ва иштирок дар як "маҳфили палави салафиҳо" боздошт шудааст.
Парвандаи пизишк бар асоси моддаи 307 (иштирок дар фаъолияти равияи мамнӯи Салафия)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боз шудааст, ки ин модда аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
"Муфаттишон далелҳои қотеъ надоранд, ки гуноҳи шахси зери ҳимояи моро исбот кунад. Ҳатто барои боздошти ӯ ҳам далели кофӣ мавҷуд набуд", – илова кардааст Воҳидов.
Қаблан худи Саломов гуфта буд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноӣ даст назадааст.
Пайвандони Абдумалик Саломов бо ирсоли номае аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостанд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад.
Онҳо мегӯянд, ахиран ҷавоби ин номаи худро дарёфт карданд, ки дар он аз мақомоти додситонӣ хоста шудааст, дурустии парвандаи Саломовро таҳқиқ кунанд.


