Идомаи ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳри дастгирии амният ва субот дар ОМ

Генерал- Теренс Маккинен, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА, ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва роҳбарияти сафоратхонаи ИМА мулоқот анҷом дод. Тавре дар иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар рафти сафари худ ӯ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Генерал- Теренс Маккинен, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА, ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва роҳбарияти сафоратхонаи ИМА мулоқот анҷом дод.

Тавре дар иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар рафти сафари худ ӯ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯриҳои сатҳи олӣ, генерал-майор Маккинен муҳимияти шарикии мазкурро барои дастгирии устувор ва шукуфоии Тоҷикистон қайд намуд.

«Тӯли 20 сол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба пешрафти назаррас муваффақ шуданд, ки барои таъмини субот ва пешрафти Тоҷикистон ва аҳли минтақа мусоидат намуд, – омадааст дар иттилояи расмӣ. – Кӯшишҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд».

Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистон шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки баҳри такмил додани амнияти минтақавӣ, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа равона шудааст.

«Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳри дастгирии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ҷанубӣ идома ёфта, ҳамзамон ба баланд бардоштани затҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», – зикр мегардад дар маълумот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.