Генерали хорватӣ дар додгоҳи Гаага заҳр нӯшида, ҳалок шуд

Date:

Сарвазири Хорватия Андрей Пленкович марги фармондеҳи пешини хорватҳои Босния Слободан Пралякро, ки 29 ноябр дар ҷаласаи Додгоҳи байналмилалии низомӣ заҳр нӯшид, тасдиқ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Пленкович 29 ноябр дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки "мутаассифона, имрӯз мо шоҳиди худкушии Праляк шудем". Сарвазир ҳамчунин ба наздикону пайвандони фармондеҳ ҳамдардӣ баён кард.

Раиси Додгоҳи низомии Гаага Ненад Голчевский хабар дод, ки Праляки 72-сола, бо вуҷуди талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳанӯз маълум нест, ки фармондеҳи пешини хорватҳои Босния чи гуна заҳр нӯшидааст.

Додгоҳи низомии байналмилалӣ 29 ноябр шикояти Праляк ва панҷ ҷонибдори ӯро, ки ҳанӯз дар соли 2013 ироа шуда буд, баррасӣ мекард. Он замон фармондеҳи пешини хорватҳо бо ҷурми ҷиноятҳои ҳарбӣ 20 сол зиндонӣ шуда буд.

Ин шаш хорвати Босния дар таъсиси лагерҳои махсус барои нигаҳдории мусулмонон айбдоранд. Дар натиҷаи ҷанги 11 моҳа, солҳои 1992-1995 бештари минтақаи Ҳерзеговина ва маркази Босния пурра хароб шуда буданд. Мурофиаҳои додгоҳӣ дар доираи ин парванда аз соли 2006 ба ин сӯ идома доранд ва додгоҳ ҳудуди 200 шоҳидро бозпурсӣ кардааст.

Додгоҳ гуфт, онҳо мехостанд, бо роҳи куштор, таъқиб, таҷовуз, ихроҷ ва маҳви дороиҳо мусулмонон ва сокинони ғайрихорватиро берун кунанд. Соли 2013 шаш хорвати Босния ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...