Ҳуқуқи рухсатӣ ба ҳамаи сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ

Date:

Ба ҳамаи сарбозони хизмати ҳатмии артиши миллии ҷумҳурӣ ба рухсатӣ ҳуқуқ дода шуд.

Палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ»-ро маъқул шуморид.

Ба гуфтаи узви Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, қаблан танҳо сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ихтиёран ба хизмат омада буданд, чунин ҳуқуқ доштанд.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту иловаҳо, ба сарбозони оиладори хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон минбаъд ҳар ним сол рухсатӣ пешбинӣ мешавад. Муддати то 1 моҳ онҳо метавонанд назди аҳли оилаи худ қарор дошта бошанд.

Мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, ба сарбозони қаториву сержантҳо, ки никоҳи қонунӣ доранд, ҳар як шаш моҳи муддати хизмат мутаносибан ба рухсатии давомнокиаш аз 20 то 30 шабонарӯз ҳуқуқ дода шуда, харҷи роҳкироро қисми низомӣ пардохт мекунад.

Ба хотири кам кардани хароҷот, тадбире пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он хизматчиёни ҳарбии оиладор бояд дар ҳудуди то 100 километр аз назди хонаашон адои хизмат кунанд.

Бар асоси фармони вазири мудофиа, сарбозони оиладор ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин ҳар моҳ ду маротиба як рӯз ба озод будан аз хизмат ҳуқуқ доранд.

Ҳамчунин дар ҳар як қисми низомӣ ҳуҷраҳои дидор вуҷуд доранд, ки муддати як шабонарӯз ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ бо шавҳарони худ дар он зиндагӣ карда метавонанд.

Дар сурати таваллуди фарзанди дуюм, сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз хизмат озод мешаванд, зеро мувофиқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандони дорои ду фарзанд аз хизмати ҳарбӣ озоданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...