Ширкати «Ашан» бо мақсади бароҳат кардани равуои аҳолии пойтахт аз 18 декабр автобусҳои бепули худро ба хатсайрҳо сафарбар намуд.
Тавре дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук дар ин робита хабар дода мешавад, автобусҳо ҳамарӯза бо се хатсайрҳои зерин равуо мекунанд:
– Хатсайри «А»: Қарияи Боло – «АШАН».
– Хатсайри «В»: Майдони сарҳадчиён (Водонасос) – «АШАН» – 9 км – «АШАН».
– Хатсайри«С»: Гипрозем – Саховат – «АШАН».
Дар маълумот зикр мегардад, ки ҳамарӯза аз соати 8:30 то 22:00 автобусҳо аз аввали хатсайр то нуқтаи охирин ҳаракат мекунанд.


