Муовини сарвазир ба санҷиши шароити хоҳишмандони ҳаҷ дастур дод

Дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” бо ҳузури муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дастур дода шуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар ин мавсим ҷиҳати адои ҳаҷ […]

АМИТ «Ховар»

Дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” бо ҳузури муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дастур дода шуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар ин мавсим ҷиҳати адои ҳаҷ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шуда, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладони интихоб ва хизмат расонида, дар маҷмӯъ, ин чорабинӣ дар сатҳи муносиб ташкил карда шуд.

«Дар қатори муваффақиятҳо баъзе камбудиҳо, ба монанди саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархӯрдор набудани баъзе аз роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ҳаҷ сафар намудани шаҳрвандон мушоҳида гардид ва боварӣ дорем, ки масъулин дар ин самт камбудиву норасоиҳоро бартараф намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарро дар мавсими “Ҳаҷ-2018” ташкил менамоянд», – қайд кардааст муовини сарвазир.

Гуфта мешавад, инчунин таъкид шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни гузаронидани машғулиятҳо ба зоирин фарқияти  мафҳуми “хобгоҳ” аз “меҳмонхона”, гуногунӣ ва миқдори хўрок дуруст фаҳмонида шавад, то дар сафар боиси нороҳатии онҳо нагардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.