Мирзиёев охирин рақиби пурнуфузашро аз мансаб барканор кард

Дар ҷаласаи муштараки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Ӯзбекистон бо ҳузури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи аз мансаб барканор шудани Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ)-и Ӯзбекистон хабар дода шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар мақоми Рустам Иноятови 73-сола, ки қариб 23 соли охир Хадамоти амнияти миллиро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ҷаласаи муштараки кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Ӯзбекистон бо ҳузури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи аз мансаб барканор шудани Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллӣ (ХАМ)-и Ӯзбекистон хабар дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар мақоми Рустам Иноятови 73-сола, ки қариб 23 соли охир Хадамоти амнияти миллиро роҳбарӣ мекард, додситони кулли ин кишвар Ихтиёр Абдуллоев таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, Абдуллоеви 52-сола 21 апрели соли 2015 додситони кул таъйин шуда буд. Отабек Муродов, мушовири пешини президент додситони кул таъйин гардид.

Зимнан бо истинод ба сарчашмаҳои мустақил зикр мегардад, ки Рустам Иноятов 25 январ аризаи истеъфояшро навиштааст.

Қобили зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев санаи 22 декабр дар як ҷаласа аз фаъолияти мақомоти қудратии кишвараш, аз ҷумла Хадамоти амнияти миллӣ интиқод карда буд.

Дар он ҷаласа Мирзиёев пешинҳод кард, ки қонун "Дар бораи Хадамоти амнияти миллӣ" таҳия ва қабул шавад. Ин қонун бояд вазифаҳо ва уҳдадориҳои Хадамотро танзим кунад.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» дар ин робита менависад, бо ин амал президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев охирин рақиби пурнуфузаш дар арши сиёсии ин кишварро барканор кард, зеро генерали 74-сола Рустам Иноятов аз соли 1995 роҳбарии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистонро дар даст дошт ва яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳо дар ин кишвар маҳсуб мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.