Вазорати тандурустӣ: аз орди заҳролуд боз 20 нафар бистарӣ шуданд

Шумори осебдидагон аз орди заҳролуд дар ВМКБ ҳафтаи гузашта то 54 нафар расид. Қаблан дар бораи 34 нафар заҳролудшудагон зикр гардида буд. «Имрӯз 16 нафар кӯдакон ва 38 тан аз калонсолон дар бемористон бистарианд. Ҳамаи онҳо зери назорати махсуси табибон қарор доранд. Вазъашон беҳтар шавад, ба хонаҳояшон рухсатӣ медиҳем», – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ ва […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Шумори осебдидагон аз орди заҳролуд дар ВМКБ ҳафтаи гузашта то 54 нафар расид. Қаблан дар бораи 34 нафар заҳролудшудагон зикр гардида буд.

«Имрӯз 16 нафар кӯдакон ва 38 тан аз калонсолон дар бемористон бистарианд. Ҳамаи онҳо зери назорати махсуси табибон қарор доранд. Вазъашон беҳтар шавад, ба хонаҳояшон рухсатӣ медиҳем», – гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз маълум нест, ки воридкунандаи гандуми заҳролуд, ки аз он дар осиёб орд кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад ё не.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд. Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд – гелиотроп мавҷуд будааст.

Гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассисон аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.