Донишгоҳи техникии Тоҷикистон довталабонро даъват менамояд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ довталабонро даъват менамояд! РАМЗИ ДОНИШГОҲ 104                                                                                                                           www.ttu.tj Донишгоҳи […]

Иттилоияи расмӣ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С. Осимӣ

довталабонро даъват менамояд!

РАМЗИ ДОНИШГОҲ 104                                                                                                                           www.ttu.tj

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омодакунии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ, донишгоҳи заминавии омодакунии мутахассисон дар соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва коммуникатсия дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Донишгоҳ соли 1956 ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, соли 1961 Институти политехникии Тоҷикистон ва аз соли 1997 инҷониб ҳамчун Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2015 ду ихтисоси Донишгоҳ аз акредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби аломати сифати EUR-ACE® гардиданд.

Имрӯз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муассисаи бисёрсоҳаи замонавии таҳсилоти олии касбии техникӣ буда, дар сохтораш факултетҳои Энергетикӣ, Сохтмон ва меъморӣ, Технологияи инноватсионӣ, Нақлиёт, Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, факултети Авиатсияи шаҳрвандии АДАБ ва ДТТ, Литсейи техникӣ, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе дошта, аз рӯи 82 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ имконияти пурраи таъмини дониҷӯёнро бо хобгоҳ дорад, ки бо шароитҳои мусоид аз ҷумла шабакаи интернет, китобхона, ошхона, толори варзишӣ таъмин буда, метавонанд эҳтиёҷоти донишҷӯёни ба ҷои зист ниёзмандро, қонеъ гардонад.

Дар байни кафедраҳои Донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки ба хатмкунандагон маълумоти дуюм – афсари қувваҳои мусаллаҳи ҶТ медиҳад. 

https://www.youtube.com/watch?v=HBwbb1vik2g

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.