Гуфтушунидҳои марзии Тошканду Душанбе ба итмом расид

Дар давраи аз 24 феврал то 1 март дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон. Бо мақсади ба иҷро расонидани Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукумматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳад, ки 24 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар давраи аз 24 феврал то 1 март дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Бо мақсади ба иҷро расонидани Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукумматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳад, ки 24 феврали соли 2018 дар Фарғона ба имзо расид, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия шуд.

Ба имзо расидани шартномаи мазкур зимни сафари давлатии қарибулвуқӯъи президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) дар назар аст.

Дар маълумоти Вазораи корҳои хориҷии Ӯзбекистон зикр мегардад, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.

Тавре қаблан як манбаи «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, айни замон Тошканду Душанбе дар масъалаи таъйин ва аломатгузори қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

То соли 2002 ҷонибҳо 84% хати сарҳади байни давлатҳоро муайян карданд. Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.