АНОНС
– Дар ин сана чорабиниҳои муҳим пешбинӣ нашудааст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8162 сомонӣ;
1 евро – 10.8554 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1548 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1959 – Анҷумани якуми журналистони Тоҷикистон баргузор шуд.
1962 – Анҷумани II-юми журналистони Тоҷикистон доир гардид.
2014 — Дар Тоҷикистон пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ, ҳамчунин шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёти механикӣ шурӯъ шуд.
2015 — Дар Истанбул пешвои созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов кушта шуд.
1913 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Аширмат Назаров.
1921 – Мавлуди коргардони кино ва наворбардор Муҳаммадқул Арабо.
1927 – Зодрӯзи олим-таърихшинос, академик Нӯъмон Неъматов.
1930 – Мавлуди олим-файласуф Ғаффор Ашӯров.
1930 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор Раҳим Маҷидов.
1940 – Мавлуди доктори улуми таърих Карим Қодиров.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +19+21.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.


