Даргузашти нависанда Равшани Ёрмуҳаммад, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров

Нависандаи маъруфи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4 март дар манзилаш аз олам даргузашт, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон. Ҷасади адиби 76-соларо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ки зодгоҳаш аст, ба хок супурданд. Равшани Ёрмуҳаммад китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, […]

Аваз Юлдошев

Нависандаи маъруфи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4 март дар манзилаш аз олам даргузашт, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.

Ҷасади адиби 76-соларо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ки зодгоҳаш аст, ба хок супурданд.

Равшани Ёрмуҳаммад китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” ва ғайраро таълиф намудааст.

Писари марҳум адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба иттиҳоми «қаллобӣ» ва «сохтакории ҳуҷҷатҳо» ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди аз ҷониби Ёров тасмим гирифтан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ сурат гирифт.

Баъдан адвокатро боз мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла «даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ» айбдор карданд. Моҳи октябри соли гузашта адвокат ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беҳурматӣ ба суд» зимни суханрониаш дар суд аз рӯи парвандаи якум боз ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум кард: ҳангоми сухан гуфтан ӯ аз Абӯалӣ ибни Сино рубоӣ қироат кард, ки ин амалро судя беҳурматӣ донист.

Чанде баъдтар нисбати Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми қаллобӣ ва таҳқири президенти Тоҷикистон боз ду парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, аз рӯи ин моддаҳо ӯ боз ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон махқум шудааст. Бародар ва хоҳараш Ҷамшед ва Хосият Тоҷикистонро тарк карда, дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.