Мусобиқаи Ҷоми КФО-ро «Истиқлол» бо ғалаба оғоз кард

Чемпиони Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол» мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО)-2018-ро бо ғалаба бар дастаи «Аҳал»-и Турмкманистон оғоз кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ рӯзи 7 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Дар ин бозӣ 11 ҳазор […]

Asia-Plus

Чемпиони Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол» мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО)-2018-ро бо ғалаба бар дастаи «Аҳал»-и Турмкманистон оғоз кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ рӯзи 7 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

Дар ин бозӣ 11 ҳазор нафар мухлисон ҳузур доштанд. Голи ягона дар дақиқаи 25-ум вориди тӯри меҳмонон шуд. Баъди партофти Нозим Бобоҷонов легионери беларусии «Истиқлол» Николай Зенко ба дарвозаи ҳариф зарба зада, дарвозабони «Аҳал» тӯбро баргардонид, вале он ба пойи ҳимоятгари дастаи «Аҳал» бархӯрда, вориди дарвоза шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон дар меҳмонӣ бар дастаи «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 6 бар 3 пирӯзӣ ба даст овард.

Бозиҳои давраи дуюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзҳои 13 ва 14 март баргузор мешаванд. «Истиқлол» санаи 14 март дар Балканобод бо тими «Олтин Асир»-и Туркманистон бозӣ карда, як рӯз пеш, 13 март «Аҳал» дар Ашқобол «Олой»-и Қирғизистонро қабул мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио