Сафари нахусти гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ тариқи қатора ба Хатлон

Ширкати сайёҳии ватании “Ориент Адвентур” бо ширкати сайёҳии “Lernidee Erlebnisreisen GmbH”-и давлати Германия ҳамкорӣ ба роҳ монда, ширкати мазкур аз кушода шудани роҳи оҳани Тирмиз — Бохтар хеле хушҳол шуда, тасмим гирифтаанд,  ки моҳҳои июн, август ва октябри соли равон боздиди 3 гурӯҳи сайёҳонро, ки ҳар гурӯҳ зиёда аз 100 нафарист, тавассути ин ширкат бо […]

АМИТ «Ховар»

Ширкати сайёҳии ватании “Ориент Адвентур” бо ширкати сайёҳии “Lernidee Erlebnisreisen GmbH”-и давлати Германия ҳамкорӣ ба роҳ монда, ширкати мазкур аз кушода шудани роҳи оҳани Тирмиз — Бохтар хеле хушҳол шуда, тасмим гирифтаанд,  ки моҳҳои июн, август ва октябри соли равон боздиди 3 гурӯҳи сайёҳонро, ки ҳар гурӯҳ зиёда аз 100 нафарист, тавассути ин ширкат бо хатсайри зикршуда ба Хатлонзамин ташкил намоянд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», вилояти Хатлон  барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ хеле мувофиқ буда, алахусус мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Шаршараи “Сари хосор” дар ноҳияи Балҷувон, Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб месозанд.

Гуфта мешавад, айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводи зиёди иттилоотӣ аз нашр бароварда шудаанд, ки  маконҳои тамошобоби вилояти Хатлонро фаро гирифта, тариқи ройгон  миёни ҳаводорони сайру саёҳат паҳн гардида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH»  тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат бурда, дар соҳаи сайёҳӣ таҷрибаи калон дорад.

Бори нахуст соли гузашта ширкати ватанӣ ба як гурӯҳи 100- нафараи сайёҳон, ки аксарияти онҳо аз Амрико буданд, бо хатсайри мазкур бо қатораи «ORIENT-SILKROADEXPRESS»–и ин ширкат хизмат расонид ва сайёҳон аз шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.