Ронандаи журналистро пахшкарда ба 3 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаеви 31-соларо, ки ба пахш кардани журналист гумонбар дониста мешуд, ба 3, 3 соли зиндон маҳкум намуд. Рӯзноманигор Галим Фасхутдинов рӯзи 30 январи соли 2018 зимни аз роҳ гузаштан дар ранги сабзи чароғак зери чархи автомашина монда, ҳалок шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» Ҳалима, хоҳари Галим Фасхутдинов хабар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаеви 31-соларо, ки ба пахш кардани журналист гумонбар дониста мешуд, ба 3, 3 соли зиндон маҳкум намуд.

Рӯзноманигор Галим Фасхутдинов рӯзи 30 январи соли 2018 зимни аз роҳ гузаштан дар ранги сабзи чароғак зери чархи автомашина монда, ҳалок шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Ҳалима, хоҳари Галим Фасхутдинов хабар дод, Халифаев қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, эътироф кардааст, ки вақти пахш кардани роҳгузар бо суръати баланд ва дар ранги сурхи чароғак ҳаракат мекард, вале ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамон рӯз борон меборид ва бо ин сабаб ӯ аз уҳдаи идоракунии автомашина набаромадааст.

«Мо бо ҳукми содиршуда розӣ нестем ва ният дорем, ки баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он, аз болои ҳукм ба суди шаҳри Душанбе шикоят барем», – қайд кард Ҳалима.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти шоми рӯзи 30 январ назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) рӯзноманигор Галим Фасҳутдинов ҷон бохт.

Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузаштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кардааст.

Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.