АНОНС
– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор байни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) бозии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 19:00;
– Дар қаҳвахонаи «Тапиока» дар кӯчаи Бохтар, хонаи 3 (мавзеи назди Dushanbe Plaza) аз соати 17:00 то 21:00 намоишгоҳи «Расмҳои занон» баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8212 сомонӣ;
1 евро – 10.8977 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1411 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1919 – Таъсиси Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ).
2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Ҳабиб Сангинов ба ҳалокат расид.
2011 — Тоҷикистон ва САҲА дар бахши рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
2017 — Президенти Тоҷикистон дар бораи таъини писараш Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.
2017 — Ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлари» тариқи хатсайри мустақим аз Тошканд бо 29 муософир соати 08:05 дақиқа ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.
1931 – Зодрӯзи журналист Гулназар Хушназаров.
1955 – Мавлуди овозхони эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +9+14.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона 0+5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +17+19.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.


