Муддати 10 рӯз аст, ки Ёсинҷони хурдсол ва волидони Кароматулло бедараканд

Аллакай муддати 10 рӯз аст, ки Ёсинҷон Мирови 4-сола, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бедарак аст. «Мо чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ гузаронида, бо ҳамсояҳо ва наздикони Ёсинҷон суҳбат кардем, лекин аз ин алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Писарчаи хурдсол то ҳол дарёфт нашудааст», – хабар доданд аз дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон. Бино ба иттилои […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аллакай муддати 10 рӯз аст, ки Ёсинҷон Мирови 4-сола, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бедарак аст.

«Мо чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ гузаронида, бо ҳамсояҳо ва наздикони Ёсинҷон суҳбат кардем, лекин аз ин алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Писарчаи хурдсол то ҳол дарёфт нашудааст», – хабар доданд аз дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, сурати Ёсинҷон дар тамоми шаҳр овехта шуда, ҳамчунин аксҳои ӯ ба минтақаҳои кишвар фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Ёсинҷон Миров субҳи рӯзи 1 апрел аз хона баромада, бо ҳамин дигар барнагаштааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки волидони дигар писарчаи хурдсол, ки дар қабулгоҳи ВКД қарор дорад, то ҳол дарёфт нашудаанд. Писарча санаи 1 апрел дарёфт ва ба мақомоти милитсия оварда шудааст.

Синни писарчаи хурдсол 4-5-сола буда, мегӯяд, ки Кароматулло ном дорад, номи падараш – Қурбон ва модараш – Зебо аст, лекин суроғаи макони зисташро намедонад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар касе дар бораи Ёсинҷон ягон маълумоте дошта бошад, бо телефони 221-21-21 ё 93 121-50-01 ба ВКД занг занад.

Дар сурати маълумот доштан дар бораи Кароматулло шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 221 21 21 ё 93 922 84 74 занг зананд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.