Шукурҷон Зуҳуров ба Санкт-Петербург раҳсипор шуд

Date:

Субҳи имрӯз бо даъвати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия парвоз намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ҳайати парлумонии мақоми олии қонунбарори Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 11 ва 14 марти соли ҷорӣ доир мегарданд, иштирок менамоянд.

Ба ҳайати мазкур Раҳимзода Шариф – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, Маҷидзода Ҷурахон- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва Салимзода Олим – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи ҷамияти ва иттилоот шомиланд.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД рӯзи 12 апрел доир гардида, дар он роҳбарон парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин ҳайатҳои парламентии нозирони назди АП СААД ва ташкилотҳои шарик ширкат меварзанд.

Ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки рӯзи 13 апрел баргузор мешавад, ба мавзӯи «Муколамаи байнифарҳангии кишварҳои Иттиҳод: вазъ, дурнамо ва таъмини ҳуқуқӣ» бахшида мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...