Муассиси Facebook доир ба истифодаи воситаҳои нави мудохила аз ҷониби Русия

Муассиси ширкати Facebook Марк Сукерберг гуфтааст, устуворона зидди гуруҳҳое аксуламал мекунад, ки аз тарафи Русия ҷонибдорӣ мешаванд ва талош меварзанд, шабакаи иҷтимоиро барои дахолат дар интихобот ва мудирияти афкори мардум истифода баранд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соҳиби 33-солаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар ин бора дар ҷаласаи Сенати ИМА рӯзи 11 апрел […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муассиси ширкати Facebook Марк Сукерберг гуфтааст, устуворона зидди гуруҳҳое аксуламал мекунад, ки аз тарафи Русия ҷонибдорӣ мешаванд ва талош меварзанд, шабакаи иҷтимоиро барои дахолат дар интихобот ва мудирияти афкори мардум истифода баранд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соҳиби 33-солаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар ин бора дар ҷаласаи Сенати ИМА рӯзи 11 апрел изҳори назар кардааст.

Сукербергро аз сӯистифодаи шабакаи вай дар давраи интихоботи президентии ИМА ва ҳифз нашудани иттилои шахсии корбарон ва муколамаҳои хушунатбори бархе аз корбарон суол карданд.

Бунёдгузори Фейсбук масъулияти муқобилат накардан ба ширкати Cambridge Analytica-ро бар уҳда гирифт. Ширкати Cambridge Analytica иттилои шахсии 87 миллион корбари Фейсбукро бо ҳадафи дахолат кардан дар корзори интихоботи президентии соли 2016 ҷамъоварӣ карда буд.

Сукерберг ҳамчунин эътироф кард, ки зидди иттилои носаҳеҳ, дахолати хориҷӣ ва таъсири "забони хушунатбор" ба шакаба чораҷӯӣ накардааст.

Муассиси Фейсбук дар Конгресси ИМА гуфт, "дар Русия одамоне ҳастанд, ки фаъолияташон аз истифодаи низоми мо ва дигар низомҳои интернетӣ иборат аст". Зукерберг ин падидаро "пойгаи таслиҳотӣ" номид.

Сукерберг хабар дод, тасмим дорад, то охири соли ҷорӣ шумори коргарони бахши амнияти иттилоотӣ ва таҳлилии Фейсбукро ба 20 ҳазор нафар расонад. Вай гуфт, ин имкон медиҳад, ки зидди хатарҳо мубориза бурд. Ба гуфтаи Зукерберг, Фейсбук кайҳост, аз шуури сунъӣ истифода мекунад ва ба ин тартиб, саҳифаҳои дурӯғинро шиносоӣ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио