Эмомалӣ Раҳмон Илҳом Алиевро бо пирӯзӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Мардуми Озарбойҷон бо  овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсати роҳандозишуда, ки ба шукуфоии бемайлони кишвар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Мардуми Озарбойҷон бо  овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсати роҳандозишуда, ки ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.

«Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем», – омадааст дар барқия.

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб карда, бо ин мақсад Тоҷикистон омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Озарбойҷон тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад. 

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маълумоти Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Озарбойҷон, шумориши 94 дарсади раъй нишон додааст, ки Илҳом Алиев 86 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.

КМИР изҳор доштааст, ки дар интихобот 74,5 дарсади сокинони ҳаққи раъй ширкат карданд. Илҳом Алиев, ки соли 2003 сари қудрат омад, бори чаҳорум дар курсии президентӣ боқӣ хоҳад монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.