Арақи чинӣ: боздошти шаҳрванди Чин барои соҳибкории ғайриқонунӣ

Date:

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чинро ба гумони истеҳсоли ғайриқонунии машруботи спиртӣ боздошт намуданд.

«Гумонбаршуда бидуни ҳуқуқи машғул шудан ба соҳибкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар хонаи иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Телмани пойтахт дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст», – хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии мазкур кормандони милитсия аз шаҳрванди Чин зиёда аз 800 литр машруботи спиртии худсохторо мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия ва сертификатсияи нозироти савдо машруботи спиртии мусодирашуда аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ (намуди зоҳирӣ, ранг, бӯй ва мазза) ба талаботи меъёрии спирти этилӣ мутобиқ набуда, ба истеъмол тавсия дода намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...