Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд» бо дастаи Про-лигаи Ӯзбекистон – «Динамо»-и Самарқанд бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар Самарқанд доир гардида, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8625 сомонӣ;

1 евро – 10.9735 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1454 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Конгресси I-уми умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ ба кор шуруъ кард.

2007 — Дар Душанбе ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ конфронси илмӣ доир гардид.

2017 — Вазорати фарҳанг хабар дод, ки дар Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллӣ» нашр шуд, ки беш аз 3 ҳазор номҳои миллии тоҷикиро дар бар мегирад.

1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёр Иқбол Табаров.

1931 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Ҳақназар Назаров.

1933 – Зодрӯзи адабиётшинос Соат Чалишев.

1934 – Мавлуди драматург Абдусалом Атобоев.

1935 – Зодрӯзи шоир Мастон Шералӣ.

1938 – Мавлуди коргардон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев.

1939 – Мавлуди нависанда Ҷамолиддин Тошматов.

1946 – Зодрӯзи фарҳангшинос Лариса Назарова.

1956 – Мавлуди журналист Давлатбек Ҷалолов.

1959 – Зодрӯзи овозхон Абдумаҷид Бердиев.

1960 – Мавлуди Муродалӣ Алимардон, раиси «Агроинвестбонк», собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, туман. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...