Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 баробар афзуд

Давоми як соли охир Тоҷикистон ҳаҷми содироти сементро қариб 2,5 баробар зиёд кард. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои сементбарори кишвар 774 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 348 ҳазор тонна зиёдтар аст. Гуфта мешавад, дар ин давра 322 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми як соли охир Тоҷикистон ҳаҷми содироти сементро қариб 2,5 баробар зиёд кард.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои сементбарори кишвар 774 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 348 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, дар ин давра 322 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли 2017 – 133 ҳазор тонна)  семент ба хориҷи кишвар содиротшудааст, ки 172 ҳазор тонна – ба Ӯзбекистон, 131 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва 19 ҳазор тонна – ба Қирғизистон рост меояд.

Ҳаҷми содирот ба Ӯзбекистон 162 ҳазор тонна (афзоиш – 16,3 баробар) ва Қирғизистон – 16,8 ҳазор тонна (афзоиш – 6 баробар) афзуда, ба Афғонистон баръакс 10,6 ҳазор тонна (коҳиш – 8,8%) кам шудааст.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,0 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,0 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,0 %, “Сементи Тоҷик” 8 % назаррас зикр шудааст.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон тариқи бунёди корхонаҳои муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли сементро ба таври назаррас зиёд кард. Бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 3,1 миллион тонна ин навъи масолеҳи сохтмон истеҳсол карда шуд.

Айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад, аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.