АНОНС
– Дар толори конфронси «Душанбе – Плаза» дар мавзӯи «Мушкилоти рӯзмарра ва дурнамои ҳамкорӣ оид ба ҳимоя аз солмии оила ва мизоҷон» конфронс доир мегардад;
– Дар Тошканд ба хотираи Георгий Аъзамов – аввалин гроссмейстери Ӯзбекистон мусобиқаи 12-уми байнулмилалии шоҳмот доир мегардад. Дар он 10 нафар шоҳмотбозон аз Тоҷикистон – бародарон Муҳаммад ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо, Муҳаммадамин ва Сабрина Аброровҳо, Тимур Исмоилов, Аминҷон Қобилов, Мирзо Сатторов ва Муҳаммад Юнусов иштирок мекунанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8703 сомонӣ;
1 евро – 10.8537 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1433 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии ҷавонон.
1992 – Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина.
2009 — Президенти Тоҷикистон Фармон дар бораи ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштанро ба имзо расонид.
2012 — Вазири корҳои хориҷии Русия пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш манфиатдор аст.
1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Иқбол Табарова.
1928 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Шумқор Одинабеков.
1950 – Зодрӯзи собиқ вакили парлумон Юсуф Аҳмедов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +5+10.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +19+21.


