Нахустин сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба ИМА

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзҳои 15-17 май бо нахустин сафари расмӣ ба ИМА меравад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, Кохи сафед низ дар изҳороти худ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзҳои 15-17 май бо нахустин сафари расмӣ ба ИМА меравад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Кохи сафед низ дар изҳороти худ гуфтааст, президент Трамп "аз ин сафари таърихӣ истиқбол мекунад" ва умедвор аст, ки дар ҷараёни он "навсозии равобити дуҷониба бо назардошти чолишҳои муосир" баррасӣ хоҳад шуд.

Қайд мешавад, ки дар баёнияи Кохи сафед ҳамчунин гуфта мешавад, ки ИМА ба талошҳои Ӯзбекистон дар ислоҳоти муҳим, густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ истиқбол намуда, омодааст, бо раҳбари ин кишвар масоили амнияти минтақаӣ ва вазъи Афғонистонро низ баррасӣ кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Вашингтон ҳамчунин аз Конгресс, вазорати мудофиа, департаменти давлатии ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ дидан карда, дар поёни мулоқот изҳороти муштараки "Ӯзбекистон ва ИМА: оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои роҳбурдӣ" қабул мегардад ва чанд ҳуҷҷат имзо мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.