Гусели автобуси аввали хатсайри Тошканд – Хуҷанд бо рақсу тарона

Date:

Автобуси аввал, ки бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд рӯзи 15 май ба роҳ баромад, бо садои карнайи сурнай ва рақсу тарона гуселу пешвоз гирифта шуд.

Минбаъд автобусҳои мусофирбар тамоми сол мунтазам бо ин хатсайр равуо намуда, дар назар аст, ки ҳарду ҷониб ҳамарӯза се маротиба равуои автобусҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Арзиши билети хатсайри Тошканд – Хуҷанд – 50 ҳазор сӯм ва Хуҷанд – Тошканд – 50 сомониро ташкил медиҳад. Пардохт дар қаламрави Ӯбекистон бо сӯм (UZS) ва Тоҷикистон – бо сомонӣ (TJS) сурат мегирад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Тафтиши ҳуҷҷатҳо ва азназаргузаронии бағочи мусофирон аз ҷониби марзбонону кормандони гумруки ҳарду ҷониб дар гузаргоҳҳои «Ойбек» Ӯзбекистон) ва «Фотеҳобод» (Тоҷикистон) анҷом дода шуда, ин автобусҳо, мусофирон ва бағочи онҳо бенавбат, ҷудогона аз дигар убуркунандагони марз ба ин расмиёт (газаштан аз сарҳад) роҳ дода мешаванд, ки ба тезтар гузаштани марз мусоидат менамояд.

Таваққуфҳои техникӣ ва мусофиргириву фаромадани онҳо дар Тошканд, Нурафшон, Бук, гузаргоҳҳои «Ойбек» ва «Фотеҳобод», Бӯстон ва Хуҷанд сурат мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...