Аз содироти барқ ба Ӯзбекистон 2,1 млн. доллар даромад ба даст омад

Моҳи апрели соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 128 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд, ки наздики 84%-и он ба Ӯзбекистон рост меояд. «Моҳи апрели имсол аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон – 12 млн. кВт/соат, Қирғизистон – 9,9 млн. кВт/соат ва Ӯзбекистон – 106,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи апрели соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 128 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд, ки наздики 84%-и он ба Ӯзбекистон рост меояд.

«Моҳи апрели имсол аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон – 12 млн. кВт/соат, Қирғизистон – 9,9 млн. кВт/соат ва Ӯзбекистон – 106,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», – гуфта мешавад дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии молиявии САҲА таҳия мешавад.

Ҳаҷми содироти нерӯи барқе, ки дар ин давра ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ба ҳудуди 10% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҳамин моҳ истеҳсолшуда баробар аст.

Ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ҷониби корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» дар моҳи апрел беш аз 1,4 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аввали моҳи апрел баъди қариб танаффусми даҳсола аз сар гирифта шуд.

Ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як сол пешбинӣ мешавад.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

То ин дам Тоҷикистон нерӯи барқашро танҳо ба Афғонистон ва Қирғизистон дар ҳаҷми начандон назаррас интиқол медод.

Соли гузашта ба Афғонистон бо нархи 4 сент 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, соли равон афзоиши ҳаҷми содироти он ба кишвари ҳамсоя то 1,5 млрд. кВт/соат ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи қарордоди дуҷониба байни «Барқи тоҷик» ва Da Afghanistan Breshna Sherkat, имсол арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 3 фоиз зиёд мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст