Таъсиси 7 корхонаву муассисаи нав назди Дастгоҳи иҷроияи Президент

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхона ва муассисаҳои нав дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қарор қабул кард.

Дар қарори ҳукумат аз 23 майи соли равон супориш дода мешавад, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент 5 корхона ва 2 муассисаи нав таъсис дода шавад.

Аз ҷумла, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон КВД "Зиғиртӣ", КВД "Лучоб", КВ "Таъмиру сохтмонӣ", КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ", КВД «Хоҷагии" зотпарварии "Ҳисор", Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ" ва МД «Қароргоҳи Искандаркӯл" таъсис дода мешаванд

Ҳаллу фасли масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии корхонаву муассисаҳои тозатаъсис ба дӯши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба номгӯи корхонаву ташкилотҳои тобеъи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон то ин замон 25 иншоот шомил буданд, аз ҷумла Маҷмааҳои давлатии «Кохи Борбад», «Кохи Ваҳдат, «Қасри миллат», Муассисаҳои давлатии «Китобхонаи миллӣ», «Осорхонаи миллӣ», «Боғи Парчами миллӣ» ва ғайра.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...