Сабукдӯшии аъзои оилаи собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон аз мансабҳо

Раиси Иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Андиҷон Қодир Парпиев аз мансаб сабукдӯш гардид, хабар медиҳад Kun.uz. Тибқи маълумотҳо ӯ бародари хурдии собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев мебошад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон полковник Шуҳрат Парпиев шаби 27 май аз мақом барканор шуд. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси Иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Андиҷон Қодир Парпиев аз мансаб сабукдӯш гардид, хабар медиҳад Kun.uz. Тибқи маълумотҳо ӯ бародари хурдии собиқ роҳбари Кумитаи андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев мебошад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон полковник Шуҳрат Парпиев шаби 27 май аз мақом барканор шуд.

Гуфта мешавад, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро полковник Анвар Парпиев низ ҳамон рӯз барканор гардид.

Ҳамчунин Анвар ва Шуҳрат Парпиевҳо додарзодаҳои раиси пешини Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев ҳастанд. Ботир Парвиев 11 майи соли ҷорӣ аз мақом барканор шуда буд.

Ботир Парпиев қудои раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Парпиевҳо давоми солҳо дар мақомоти қудратии Ӯзбекистон мақомҳои баланд доштанд.

Ботир Парвиев – яке аз таъсиргузортарин генералҳои овони президентии Ислом Каримов – 14 сол кумитаи андозро роҳбарӣ кардааст. Ҳоло хабар мерасад, ки ҷараёни "барӯйхатгирии дороиҳои Парпиевҳо" шурӯъ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".