Саҳми назарраси сарони Тоҷикистону Русия дар таъмини амнияти марзҳои ҷанубии ИДМ

Дар кори мизи гирди имрӯза дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар таъмини амнияту субот дар марзҳои ҷанубии ИДМ қайд шуд. Чорабинӣ аз ҷониби МТС дар ҳамдастӣ бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) созмон дода шуд. Дар кори мизи гирд олимону коршиносон, мутахассисон оид ба Афғонистон […]

Дар кори мизи гирди имрӯза дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар таъмини амнияту субот дар марзҳои ҷанубии ИДМ қайд шуд. Чорабинӣ аз ҷониби МТС дар ҳамдастӣ бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) созмон дода шуд.

Дар кори мизи гирд олимону коршиносон, мутахассисон оид ба Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок доштанд, гуфт ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» Абдулло Ҳабибов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таъкид намудани саҳми бузург ва бебаҳси сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар таъмини суботу амният аст.

«Сарони кишварҳо баҳри таъмини амният дар минтақа аз тадбирҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбиу техникӣ ва тадорукотӣ кор гирифтанд. Масалан, бо ҷойгир кардани пойгоҳи низомии 201-ум имкони ҳарбӣ барои ҳифзи марзи Тоҷикистон ва сарҳадҳои ҷанубии ИДМ таҳким ёфт. Дар робита ба мушкил шудани вазъ дар Афғонистон, ҳозир муҳим будани ин иқдом ба назар мерасад. Ҳамзамон бар асоси ҳусни тафоҳум ва этимоди ҳамдигарӣ дӯстиву ҳамкорӣ ва шарикии ду кишвар дар бисёр соҳаҳо таҳкиму густариш меёбад», – мегӯяд Ҳабибов.

Дар кори мизи гирд ҳамчунин ба масъалаи ҳамкориҳо байни сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии байнулмилалӣ, амалиёти тахрибкоронаи гурӯҳҳои тундгаро, ҷинояткории муташаккил ва фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".