Таъсиси 7 корхонаву муассисаи нав назди Дастгоҳи иҷроияи Президент

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхона ва муассисаҳои нав дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар қарори ҳукумат аз 23 майи соли равон супориш дода мешавад, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент 5 корхона ва 2 муассисаи нав таъсис дода шавад. Аз ҷумла, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон КВД "Зиғиртӣ", КВД […]

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхона ва муассисаҳои нав дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қарор қабул кард.

Дар қарори ҳукумат аз 23 майи соли равон супориш дода мешавад, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президент 5 корхона ва 2 муассисаи нав таъсис дода шавад.

Аз ҷумла, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон КВД "Зиғиртӣ", КВД "Лучоб", КВ "Таъмиру сохтмонӣ", КВД "Савдо ва хӯроки умумӣ", КВД «Хоҷагии" зотпарварии "Ҳисор", Муассисаи давлатии "Маркази тиббӣ" ва МД «Қароргоҳи Искандаркӯл" таъсис дода мешаванд

Ҳаллу фасли масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии корхонаву муассисаҳои тозатаъсис ба дӯши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба номгӯи корхонаву ташкилотҳои тобеъи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон то ин замон 25 иншоот шомил буданд, аз ҷумла Маҷмааҳои давлатии «Кохи Борбад», «Кохи Ваҳдат, «Қасри миллат», Муассисаҳои давлатии «Китобхонаи миллӣ», «Осорхонаи миллӣ», «Боғи Парчами миллӣ» ва ғайра.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".