Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Идомаи Олимпиадаи байнулмилалии маърифатӣ оид ба ҳисобу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA 2018, ки  бори нахуст дар Тоҷикистон аз 29 май то 5 июн дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон «Шоҳин», воқеъ дар соҳили обанбори Қайроққум гузаронида мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин […]

Asia-Plus

АНОНС

– Идомаи Олимпиадаи байнулмилалии маърифатӣ оид ба ҳисобу китоб (арифметика)-и зеҳнӣ GENIUSKID-ASIA 2018, ки  бори нахуст дар Тоҷикистон аз 29 май то 5 июн дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Тоҷикистон «Шоҳин», воқеъ дар соҳили обанбори Қайроққум гузаронида мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9996 сомонӣ;

1 евро – 10.3918 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1435 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон қарор «Дар бораи маҳви бесаводӣ миёни аҳолии калонсоли ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул карданд.

2007 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» қабул шуд.

2011 — Дар назди АМИТ «Ховар» КВД «Радио FM ХОВАР» таъсис дода шуд.

1920-1993 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Мақсуд Шукуров.

1945 – Мавлуди профессор Анвариддин Муҳиддинов.

1948-1997 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Пӯлод Аҳмадов.

1949 – Мавлуди Корманди шоистаи Тоҷикистон Холмирзо Сангинмуродов.

1950 – Зодрӯзи рассом Шоҳбутулло Шоҳбутолибов.

1955 – Мавлуди иқтисодчӣ Маҳмадшариф Нозимов.

1967 – Зодрӯзи доктори улуми кишоварзӣ Амонулло Салимов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +21+26.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +9+14.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.