Ҷонибдории комил аз номзадӣ ба вакилии муовини аввали раиси ВМКБ

Дар интихоботи пешазмуҳлати вакил ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 17 июн дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ванҷ доир гардид, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини аввали раиси ВМКБ Нуралӣ Риёев аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуд. Ба тарафдории номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ин ҳавзаи интихоботӣ, ки бидуни […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар интихоботи пешазмуҳлати вакил ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 17 июн дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ванҷ доир гардид, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муовини аввали раиси ВМКБ Нуралӣ Риёев аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуд.

Ба тарафдории номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ин ҳавзаи интихоботӣ, ки бидуни ҳарифон баргузор шуд, 98,7%-и интихобкуандагон раъй доданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Қобили зикр аст, ки интихоботи пешазмуҳлат дар ҳавзаи интихоботии Ванҷ бинобар сабаби даргузашти бемаҳали вакили Маҷлиси намояндагон аз ин ҳавза Муҳаббатшо Рӯзадор санаи 19 март сурат гирифт.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ ва 41 нафар – дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.