КҲФ: Баҳои бепарвоии волидон – марги кӯдакон!

Шабонарӯзи гузашта бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 5 нафар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакон ва синни калонтарини онҳо 15-сола мебошад. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳо фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, барои дарёфти ҷасадҳои онҳо наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар шуда, ҳамаи ҷасадҳо дарёфт ва […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 5 нафар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакон ва синни калонтарини онҳо 15-сола мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳо фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, барои дарёфти ҷасадҳои онҳо наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар шуда, ҳамаи ҷасадҳо дарёфт ва ба мақомоти марбута супурда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ҳалокати кӯдакон оббозӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, надоштани малакаи шиноварӣ ва бепарвоии падару модарон мебошад, ки кӯдакони худро назди кӯлу дарё ва обанборҳо беназорат мегузоранд.

«Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани Кумита аз риояи қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ ва шиноварӣ накардан дар ҷойҳои муқаррарнашуда, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳама гуна манъкуниҳоро ба инобат намегиранд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда бори дигар ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

Зимнан зикр гардид, ки маъмурияти минтақаҳои истироҳатӣ ҷиҳати бехатарӣ барои шаҳрвандон ва таъмини шиногоҳ (пляж)-у ҳавзҳои шиноварӣ бо таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳо андешидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.