Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар «Душанбе Плаза» форуми пеш аз конфронси «Занон ва об: Аз гуфтор ба амал» доир мегардад, ки дар кори он беш аз 150 нафар аз 20 кишвари дунё ширкат меварзанд. Вақти кори форум: аз соати 09:30 то 18:30; – Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси сатҳи баланди об барои рушди устувор барои кӯдакон […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар «Душанбе Плаза» форуми пеш аз конфронси «Занон ва об: Аз гуфтор ба амал» доир мегардад, ки дар кори он беш аз 150 нафар аз 20 кишвари дунё ширкат меварзанд. Вақти кори форум: аз соати 09:30 то 18:30;

– Дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси сатҳи баланди об барои рушди устувор барои кӯдакон баргузор мешавад. Вақти кори форум: 09:30 то 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0958 сомонӣ;

1 евро – 10.5639 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1438 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1962 – Анҷумани нахустини зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.

1968 — Шӯрои амнияти СММ дар бораи кафолати амнияти кишварҳои бидуни яроқи ҳастаӣ қатънома қабул кард.

2007 — Шабакаи мустақили телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

1918-1990 – Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Михаил Алоев.

1948 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов.

1978 – Зодрӯзи журналист Рамзия Мирзобекова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.