Талоши манъи пардохти пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе

Аз 18 июн пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу трллейбусҳои Душанбе бояд манъ мешуд. Истифодаи кортҳои нақлиётии Citycard минбаъд ҳатмӣ мешавад. Зимни пайгирии ҷараёни иҷрои ин чорабинӣ мо мушоҳида намудем, ки танҳо дар хиёбони Рӯдакӣ дар ҳар кадоме аз истгоҳҳо чанде аз намояндагони бахши нақлиёти шаҳрдорӣ тарзи пардохти роҳкироро бо кортҳои Citycard назорат мекунанд. Дар дигар […]

Акмал Маннонов, Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Аз 18 июн пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу трллейбусҳои Душанбе бояд манъ мешуд. Истифодаи кортҳои нақлиётии Citycard минбаъд ҳатмӣ мешавад.

Зимни пайгирии ҷараёни иҷрои ин чорабинӣ мо мушоҳида намудем, ки танҳо дар хиёбони Рӯдакӣ дар ҳар кадоме аз истгоҳҳо чанде аз намояндагони бахши нақлиёти шаҳрдорӣ тарзи пардохти роҳкироро бо кортҳои Citycard назорат мекунанд.

Дар дигар қисматҳои шаҳри Душанбе «нозирон» нестанд, пардохти роҳкиро мисли пешина бо пули нақд амалӣ мешавад.

«Ман кортро бо тавозуни пуршуда бо нархи 5 сомонӣ харидам, – мегӯяд сокини пойтахт Садриддин. – Аз ин ман як маротиба истифода кардам, дигар маблағ дар корт чун «маблағи захира» боқӣ монд. Барои ман пардохти 1 сомонӣ пули нақд барои нишастан ба автобусу троллейбус қулайтар аст. Охир бо ин 5 сомоние, ки ман барои харидани корт пардохт кардам, беҳтараш бароҳат бо таксии хатсайр меравам».

Ин кӯшиши дуюми манъ кардани пардохти пули нақд барои роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои пойтахт аст. Муваффақона анҷом пазируфтани кӯшиши дуюм ё лозим шудани талоши навбатии сеюмро гузашти вақт нишон хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.