Тангаҳои нави филизӣ ба муомилот бароварда мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 20 июни соли 2018 тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот мебарорад. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин иқдом бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои майда, аз ҷумла тангаҳои филизӣ, […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 20 июни соли 2018 тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот мебарорад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин иқдом бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои майда, аз ҷумла тангаҳои филизӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани пулҳои нақд дар муомилот ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2018 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда, чораҳои заруриро меандешад.

Барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тангаҳои филизӣ ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо пешниҳоди дархост аз Бонки миллии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ ва саривақт тангаҳои арзишашон номиналиро бе мамониат ва маҳдудият дастрас намоянд.

Бояд қайд кард, ки тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2018, таҳти № 84 ба муомилот бароварда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки нахустин тангаҳои филизии арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ соли 2017 ба муомилот бароварда шуданд.

Он замон зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ба журналистон изҳор дошта буд, ки пулҳои коғазии арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ бисёр серталаб буда, хеле зуд фарсудаву корношоям мешаванд ва аз ин рӯ, ояндаи наздик чунин пулҳои коғазӣ бо танга иваз карда мешаванд. Алҳол ҳам пулҳои коғазӣ ва ҳам пулҳои филизӣ баробар дар муомилот истифода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.