Мақомот муассисони саҳифаи қалбакии раиси пойтахтро дар Фейсбук меҷӯянд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи ошкор кардани аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад таъсис додани саҳифаи раиси пойтахт дар Фейсбук мебошанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ се саҳифа амал мекунад, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи ошкор кардани аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад таъсис додани саҳифаи раиси пойтахт дар Фейсбук мебошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ се саҳифа амал мекунад, ки ҳамаашон қалбакӣ мебошанд.

«Дар ин саҳифаҳо алҳол ҳеҷ як маълумоти манфӣ интишор нашудааст, лекин муассисони он бояд бидонанд, ки ба амали ғайриқонунӣ даст задаанд», – таъкид доштанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намудааст, ки бо кадом мақсад ва аз ҷониби киҳо таъсис дода шудани ин саҳифаҳоро ошкор кунанд.

Яке аз ин саҳифаҳо чанде қабл – моҳи майи соли 2018 таъсис дода шуда, он ҳам қалбакӣ мебошад.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алҳол саҳифаи худро надорад, таъкид доштанд дар мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.