Оғози кори конфронси байнулмилалии масоили об дар Душанбе

Дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Кохи Сомон» имрӯз Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Барои […]

АМИТ «Ховар»

Дар Бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Кохи Сомон» имрӯз Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин  муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, Директори минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташриф овардаанд.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷаласаи махсус баргузор шуда буд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии беш аз 177 кишвари аъзои СММ пешниҳод ва қабул шудааст.

Мувофиқи қатъномаи СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028   22 март оғоз гардид ва он то 22 марти соли 2028 идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.