Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон бо медал барои таъмини солимии ҷомеа

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумат ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Мукофоти олиро ба Президенти Тоҷикистон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумат ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Мукофоти олиро ба Президенти Тоҷикистон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Гуфта мешавад, дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ кард.

Зимнан зикр мегардад, ки мубориза алайҳи тамокукашӣ яке аз афзалиятҳои тадбирҳои амалии ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зеро корҳое, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи тамоку анҷом меёбанд, қабл аз ҳама ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.