Таъхири нишастҳои хабарии маъмулӣ. Рӯзноманигорон ҳайронанд

Нишастҳои хабарие, ки ҳамасола маъмулан аввали моҳи июл баргузор мешуданд, имсол ба таъхир афтоданд. Соли гузашта роҳбарони вазорату идораҳо дар бораи фаъолияти ниҳодашон дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳисобот доданд. Нишастҳои матбуотӣ 10 июл оғоз гардида, то 4 август идома ёфтанд. Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз дастгоҳи иҷроияи Президент ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки нишастҳои […]

Аваз Юлдошев

Нишастҳои хабарие, ки ҳамасола маъмулан аввали моҳи июл баргузор мешуданд, имсол ба таъхир афтоданд.

Соли гузашта роҳбарони вазорату идораҳо дар бораи фаъолияти ниҳодашон дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳисобот доданд. Нишастҳои матбуотӣ 10 июл оғоз гардида, то 4 август идома ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз дастгоҳи иҷроияи Президент ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки нишастҳои хабарӣ доир гардида, ояндаи наздик ҷадвали баргузории онҳо ба имзо мерасад. «Ба гумони ғолиб нишастҳои матбуотӣ аввали ҳафтаи оянда шурӯъ мешаванд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.