Нигаронии Шӯрои ВАО аз таъини ҷазои сангин ба Хайрулло Мирсаидов

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳукм нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ба раванди  рушди озодии баён ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар робита ба ҳукумисодиршуда нисбати Хайрулло Мирсаидов Изҳороти расмӣ нашр шудааст, ки дар зер манзуратон мегардонем: […]

Asia-Plus

Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳукм нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов ба раванди  рушди озодии баён ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ халали ҷиддӣ ворид месозад.

Дар сомонаи расмии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар робита ба ҳукумисодиршуда нисбати Хайрулло Мирсаидов Изҳороти расмӣ нашр шудааст, ки дар зер манзуратон мегардонем:

«Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон нигаронии шадиди худро дар робита ба таъини ҷазои сангин, ба 12 соли зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Хайрулло Мирсаидов изҳор медорад.

Шӯрои ВАО бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳама гуна амалкарди хилофи қонун бояд қобили ҷазо бошад, вале бояд мурофиаҳои судӣ бар пояи арзишҳои инсонӣ, умумибашарӣ ва риояи қонун баргузор гардида, қарорҳои одилона содир намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мурофиавии ҷумҳурии демократихоҳи мо низ ин амрро ба хотири арҷгузорӣ ба арзиши олӣ – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, зарурӣ ҳисобидааст. Аммо қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки дар асл ба баҳсҳои молӣ ва дар пайи он ба кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти болоӣ ба зуҳуроти тамаъҷӯёнаи коррупсионӣ дар мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ дахл дошт, тасаввуре ба бор меоварад, ки дар ҷараёни тафтишот ва минбаъд мурофиаи судӣ, тобиши як навъ ниқоргирӣ ва муҷозот барои ифодаи ақидаи шахсиро пайдо карда бошад.

Мо қарори судро ба баррасӣ кашиданӣ нестем, вале ҳамзамон меъёри ҷиноятии интихоб намудаи мақоми судӣ дар нисбати кирдори бармало хусусияти иқтисодӣ доштаи Хайрулло Мирсаидовро наметавонем ҷавобгӯ ба риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва муқаррароти одилонаи қонунҳои кишвар ҳисобем. Зеро ба назари мо, барои аъмоли ѓайриқонунии асли иқтисодӣ дошта содир намудани чунин ҷазои сангин, ки ба кирдорҳои ҷиноӣ хос аст, дар ҷомеаи мардумсолорӣ бешак, адолати судиро зери суол мебарад. Дар ҷараёни таҳқиқ ва мурофиаи судӣ нодида гирифта шудани ҷиҳати дигари қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки аз кӯшиши пешгирии амалҳои хислати корупсионидошта маншаъ гирифта, амали ифодагари мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ бояд пиндошта мешуд, боварию эътимоди рӯзноманигорон ва аҳли ҷомеаро ба волоияти озодии баён ва ҳаққи танқиди зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар давлати демократияхоҳамон низ мекоҳонад.

Аз ин ҷо, мо бо изтиробу нигаронии зиёд таъкид намуданӣ ҳастем, ки ҳукми сангини судӣ дар нисбати Хайрулло Мирсаидов дар баробари халали ҷиддӣ ворид намудан ба раванди  рушди озодии баён, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодина шудани арзишҳои мардумсолорӣ дар кишварамон, ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон, ба обрӯву нуфузи давлат ва ҳукумати кишварамон латма ворид месозад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон умедворӣ дорад, ки зинаҳои болойии судӣ дар бозбинии ин ҳукм мӯшикофона амал карда, бо назардошти хидматҳои ҷамъиятии Хайрулло Мирсаидов, дар нисбати ӯ қарори адолатнок қабул менамоянд».

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.