Беш аз 450 тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ адои ҷазо мекунанд

Беш аз 450 нафар тоҷикистониён дар зиндонҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон адои ҷазо мекунанд, хабар доданд имрӯз ба журналистон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Онҳо аз ҷониби судҳои маҳаллӣ барои иштирок дар сафҳои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳи мухолиф ба ҳукуматдорони қонунии ин кишварҳо маҳкум шудаанд. «Ғайр аз ин, 470 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафҳои созмонҳои террористӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Беш аз 450 нафар тоҷикистониён дар зиндонҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон адои ҷазо мекунанд, хабар доданд имрӯз ба журналистон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Онҳо аз ҷониби судҳои маҳаллӣ барои иштирок дар сафҳои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳи мухолиф ба ҳукуматдорони қонунии ин кишварҳо маҳкум шудаанд.

«Ғайр аз ин, 470 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо ҷангидаанд, дар майдони набард кушта шудаанд», – қайд карданд дар Прокуратураи генералӣ.

Доир ба шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз дар ин кишварҳо меҷанганд, маълумот дода нашуд.

Моҳи июни соли 2015 прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ва вохӯрӣ бо фаъолони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ қарор доранд, ки аксарияташонро ҷавонони синни аз 18 то 35-сола ташкил дода, 40 нафари онҳо оилаҳояшонро низ ҳамроҳи худ ба ин кишварҳо бурдаанд.

Тоҷикистонии аз ҳама маъруф, ки ба Сурия фирор намуда, ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.