Оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик» дар Хуҷанд

Date:

Дар шаҳри Хуҷанд ба оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик санги асос гузошташуд, ки панҷумин зеристгоҳи бузурги барқӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад.

Дар маросими оғози сохтмони зеристгоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ғолибшоҳ Убайдуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зеристгоҳи нави барқии «Темурмалик» бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд сохта ва ба истифода дода мешавад. Дар ин зеристгоҳ 2 трансформатор бо иқтидори 25 000 кВТ. Ампера бо шиддати 110/10 кВТ насб мегардад.

Гуфта мешавад, ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин ин зеристгоҳ имкон дорад, ки талафоти неруйи барқро аз 23 то 9 фисад кам намояд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Зимнан зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, бо назардошти афзудани муштариён, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав ба беш аз 25 000 муштариён, аз ҷумла ба зиёда аз 150000 аҳолии шаҳри Хуҷандро бо неруйи барқи хушсифат таъмин менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...