«Терроризм» ва «одамкушӣ»: моддаҳои парвандаи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон

Аз рӯи далели ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои “терроризм” ва “одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, рӯзи 29 июл гурӯҳи ҷинояткорон дар роҳи мошингарди қаламрави ноҳияи Данғара бо автомашинаи сураъаташ баланд ба 6 нафар сайёҳи хориҷии велосипедрон ҳуҷум карданд. “Пас аз […]

Asia-Plus

Аз рӯи далели ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои “терроризм” ва “одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, рӯзи 29 июл гурӯҳи ҷинояткорон дар роҳи мошингарди қаламрави ноҳияи Данғара бо автомашинаи сураъаташ баланд ба 6 нафар сайёҳи хориҷии велосипедрон ҳуҷум карданд.

“Пас аз онҳоро зада аз по афтонидан, 3 нафари ин ҷинояткорон аз автомашина берун баромада, бо мақсади куштан бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд”, – омадааст дар маълумоти прокуратура.

Гуфта мешавад, дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 2 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Нидерландия ва 1 шаҳрванди Швейтсария дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар – шаҳрвандони Нидерландия ва Швейтсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят 5 нафар боздошт ва 4 нафар аъзои гурӯҳӣ ҷиноятпеша кушта шуданд.

Тавре Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафарҷон ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.

“Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс – аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд”, – хабар дода мешавад дар маълумот.

Муайян гардидааст, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот таҳти роҳбарии бевоситаи Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод босуръат идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, ҳама ҷинояткорон дастгир карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио