Медали сеюми дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё

Date:

Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов медали сеюми Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 сазовор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, субҳи имрӯз – 30 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Палембанги Индонезия мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.

Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард. Дар мусобиқа 8 варзишгар иштирок карданд. Шаҳриёр бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид. Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи узбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд.

Дар финали қуввазмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара тими Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Ин сеюм медали нуқраи Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад. 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ ва 29 август Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг-и гуштини кураш сазовори медали нуқра гардида буданд.

Варзишгарони мо имрӯз, ҳамчунин дар намудҳои дзюдо (Шоҳида Қаландарова, вазни -57кг, Беҳрӯз Хоҷазода, вазни -73кг, Акмал Муродов, вазни -81кг) ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (С-2, 1000 метр) иштирок мекунанд, ки барояшон муваффақият мехоҳем.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, ба ҷои 30-юм баромад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...