Намоиши маҳсулоти пахтагини Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав

Ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад ва имрӯз, 18-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 21-уми сентябр ба маъраз гузошта мешавад. Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад ва имрӯз, 18-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 21-уми сентябр ба маъраз гузошта мешавад.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Имсол корхонаҳои зерин аз Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳузур ёфтанд: “Ваҳдат”, “Гулистони Душанбе”, “Лиман”, “Ноҳид”, “Раҳимов А.А.”, “Сапсан”, ва “ХИМА-Текстил”.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати машваратии “Business Consulting Group”, ҳамкори маҳаллии МТБ, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ раҳбарӣ мекунад, мегӯяд:

“Русия муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоварад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд”.

Намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳсулоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд. Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 11-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд. “Лиман” ва “Сапсан” барои аввалин бор дар ҳайъати Тоҷикистон дар ин гуна намоишгоҳҳои байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ шомили ҳайъат мебошад ва аснои сафар бо бозори минтақавӣ ошноӣ пайдо карда, бо ҳамкорони рус дидорҳо анҷом медиҳад.

Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро мушовирони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” (Хуҷанд) ва “ACT Development Group” (Душанбе) раҳнамоӣ мекунанд. Ин ду ширкат дар раванди омодагӣ ба намоишгоҳ низ фаъолона иштирок карда буданд. Ҷалби ширкатҳои консалтингии маҳаллии ҳамкор ба раванди омодагӣ ва иштироки ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои тиҷоратии миллӣ ва байналмилалӣ тавоноии онҳоро дар самтҳои гуногуни тиҷоратӣ, ба монанди иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ва бозорёбӣ баланд мебардорад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио