Супориши Президент доир ба назорати рафти иҷрои дастурҳои додашуда дар ВМКБ

Имрӯз зимни маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ супориш дод, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба ВМКБ тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис оид […]

Asia-Plus

Имрӯз зимни маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ супориш дод, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба ВМКБ тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, қайд кард, ки “агар онҳо аз уҳдаи ин кор набароянд, ӯ метавонад аз Қувваҳои Мусаллаҳ истифода кунад.

Дарҳол пас аз ин тибқи мувофиқа бо президент Алишер Мирзонаботов, ки пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ ифои вазифа мекард, муовини раиси ВМКБ таъин шуд. “Бо сабаби ба кори дигар гузаштан” муовини дигар раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода низ аз мансаб барканор шуд. Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон муовинони нави раиси ВМКБ таъин шуданд.

Сардорони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб, инчунин сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҳамзамон сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Дар ин мансаб ӯ Мансур Бухоризодаро иваз кард.

Ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи ВМКБ иваз шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.