Рустами Эмомалӣ ба пешгирии болоравии нархҳо ба маҳсулоти ниёзи аввалия дастур дод

Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои давраи зимистонгузаронӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо тадбирҳо андешанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт таваҷҷуҳи […]

Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии он барои давраи зимистонгузаронӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолии сокинон дар мавсими сармо тадбирҳо андешанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи иҷрои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми иншооти хоҷагиии халқи пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо инобати сард пешгӯӣ гардидани зимистони имсола, тамоми сохторҳои марбутаи пойтахт бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд.

Аз ҷумла, раиси шаҳр дастур дод, ки доир ба омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои   пойтахт ба системаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ ва ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тадурустӣ ва фарҳангӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар робита ба масъалаи рушди бахши сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчунин сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки Шӯро оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр ҳар чӣ зудтар таъсис дода шуда, аз натиҷаи корҳо то 1 ноябри соли равон ба Раиси шаҳр гузориш пешниҳод карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.         

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.