Ҳалокати беш аз 800 нафар бар асари заминларза ва сунами дар Индонезия

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар Индонезия, ки ба фоҷеаи мудҳиш боис гардид, ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси андӯҳи амиқи тоҷикистониён гашт.

“Аз Шумо хоҳиш дорам, ки тасаллияти самимии моро ба мардуми дӯсти Индонезия бирасонед. Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил ва барои тамоми осебдидагон шифои комил орзумандам», – изҳори тасаллият мешавад дар барқия.

Бар асари заминларзаи қуввааш 7,5 балл ва сунами баъди он дар ҷазираи Сулавеси Индонезия 832 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Associated Press бо истинод ба Агентии милии рафъи оқибатҳои офтаҳои табиии Индонезия.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, ин шумори ҳалокшудагон танҳо дар шаҳри Палу (аҳолӣ беш аз 350 ҳазор нафар) буда, дар ду ҳавзаи дигар шумори қурбониён ҳоло маълум нест. Алҳол наҷотдиҳандагон имкон надоранд, ки ба ноҳияи Дунгал раванд, ки дар ин ҷо на камтар аз 300 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданду маркази заминларза дар ҳамин ҷо воқеъ буд.

Дар ин робита ноиби президенти Индонезия Юсуф Калла эътироф намудааст, ки шумори ҳалокшудагон метавонад ба чанд ҳазор нафар бирасад, чунки бо дигар ноҳияҳое, ки маркази заминларза дар онҳо воқеъ буд, то ҳол алоқа барқарор кардан имкон надорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...